Alif logo

Ҳуқуқшиноси хурд ба дастаи Alif Tech

Alif·Salary not specified

Job description

About the Position

Ҳуқуқшиноси хурд ба дастаи Alif Tech

Душанбе

Мо ҳуқуқшиносеро мекобем, ки на танҳо қонунҳоро хуб медонад, балки дар ҳолатҳои мураккаб роҳи ҳал пайдо карда метавонад ☺️

Alif Tech - яке аз IT-ширкатҳои пешбар дар Тоҷикистон аст. Мо барои миллионҳо истифодабарандагон маҳсулоти рақамӣ месозем. Сайтҳо, барномаҳо ва ҳалли муосирро барои автоматисозии равандҳои тиҷоратӣ таҳия мекунем.

Responsibilities

  • Кумак дар кор бо шартномаҳо: таҳлили аввалия, ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо ва омода кардани лоиҳаи шартномаҳои намунавӣ дар самтҳои зерин:

    • шартномаҳои хоҷагидорӣ - хариду фурӯш, таҳвил, пудрат, хизматрасонӣ ва иҷора;
    • соҳаи IT - таҳияи барномаҳои компютерӣ, дастгирии техникӣ ва созишномаҳои корбарӣ;
    • хизматрасониҳои ғайрибонкӣ - маркетплейсҳо ва реклама.
  • Дастгирии техникӣ: пешбурди феҳристи шартномаҳо, назорати муҳлати амали онҳо, бойгонӣ кардани ҳуҷҷатҳо ва ирсоли мукотиба.

  • Иҷрои супоришҳо: ҷустуҷӯи таҷрибаи судӣ ва қонунгузории соҳавӣ, инчунин иҷрои дигар вазифаҳои ҳуқуқшиноси пешбар.

  • Иштирок дар навсозии ҳуҷҷатҳо: кумак дар такмили санадҳои дохилӣ ва навсозии шаклҳои намунавии шартномаҳо.

  • Таҳлили аввалияи дархостҳо: ҷамъоварии маълумоти зарурӣ барои омода кардани хулосаҳои ҳуқуқӣ барои воҳидҳои ширкат.

  • Ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ: иштирок дар омода кардани ҷавобҳо ба дархостҳои мақомоти давлатӣ, ҳуҷҷатҳо барои гирифтани иҷозат ва мувофиқаҳои зарурӣ.

Requirements

  • Маълумот: таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ.

  • Дониши назариявӣ: дониши хуби ҳуқуқи гражданӣ, корпоративӣ ва ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ (IP).

  • Малакаҳо: қобилияти кор бо ҳаҷми зиёди маълумот, диққати баланд ба ҷузъиёт ва муносибати низомнок ба иҷрои вазифаҳо.

Personal Traits We Value

  • ростқавлӣ ва хоксорӣ;
  • саривақтӣ;
  • меҳнатдӯстӣ.

We Offer

  • реҷаи кории панҷрӯза аз соати 09:00 то 18:00;
  • маоши рақобатпазир, мутобиқ ба малака ва таҷрибаи шумо;
  • имконият барои рушди касбӣ ва пешрафти корӣ;
  • дастаи дӯстонае, ки барои зудтар мутобиқ шудан кумак мекунад;
  • бастаи имтиёзҳо, тимбилдингҳо ва имконият барои рушд дар дохили ширкат.

Шарҳи худро фиристед, аз санҷиш гузаред ва ба дастаи мо ҳамроҳ шавед 😊

Application Instructions

Important Questions

  • Ному насаб
  • Санаи таваллуд
  • Рақами телефон
  • Email
  • Оид ба худ ва сабаби ба мо ҳамроҳ шуданро нависед
  • Ворид кардани шарҳи ҳол (docx, doc, PDF)
  • Сохтани шарҳи ҳол

Барои коркарди маълумоти худ розиям.

© Alif. This job description was sourced from the employer's public career page. TheJob is not the employer — we index the posting and route candidates to the source. All content rights and hiring decisions belong to the employer.

«Алиф Сармоя» была основана в 2014 году как микрокредитная организация.Несмотря на все риски, учитывая неподготовленность банковского сектора и общества в целом, «Алиф Сармоя» внедрила новый продукт «Бефоиз — 0%» и начала совершенствовать его. Востребованность данного продукта позволила развиваться быстрыми темпами. Доказательством этого является тот факт, что за 4 года работы «Алиф» увеличил количество своих сотрудников в 30 раз. На данный момент в «Алиф»-е насчитывается более 130 человек, а в 2014 начинали только 3 человека.Каждый сотрудник в «Алиф Сармоя» разделяет десять ценностей, на основе которых и построена культура «Алиф»-а. Каждые3-6месяцев для определения соответствия между работой и ценностями проводится оценка сотрудника. Каждый сотрудник оценивается своим непосредственным руководителем и информацией изAlif.HR. Оценка также помогает коллегам расти как в личностном, так и в профессиональном плане вместе с «Алиф Сармоя».

More at Alif

All 18 roles

Popular searches