Alif logo

Роҳбари филиал (ш. Бохтар)

Alif·Salary not specified

Primary stack

MS Office

Job description

About the Position

Branch Manager (Bokhtar)

Бохтар

Филиал - чеҳраи бонк дар минтақа мебошад. Маҳз роҳбари филиал барои рушди тиҷорат, сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон, самаранокии фаъолияти даста ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда масъул аст. Мо роҳбари қавӣ ва масъулеро меҷӯем, ки омода аст филиалро рушд дода, дастаро барои ба даст овардани натиҷаҳои баланд илҳом бахшад. 🙂

Responsibilities

  • ташкил ва назорати фаъолияти филиал;
  • таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ ва нақшаҳои рушди филиал;
  • идоракунии даста, рушди кормандон ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти онҳо;
  • таъмини сатҳи баланди хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
  • назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дохилии бонк;
  • ҷалби мизоҷони нав, рушди муносибатҳои шарикӣ ва таҳкими мавқеи бонк дар минтақа;
  • намояндагии манфиатҳои бонк дар вохӯриҳо, музокирот ва чорабиниҳои корӣ;
  • назорати сифати сандуқи қарзӣ, фаъолияти амалиётӣ ва равандҳои дохилии филиал;
  • иҷрои супоришҳои роҳбарияти бонк дар доираи ваколатҳои худ.

Requirements

  • маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия, кори бонкӣ, менеҷмент ё дигар самтҳои ҳаммонанд;
  • таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ ё молиявӣ на камтар аз 3 сол, аз ҷумла на камтар аз 1 сол дар вазифаи роҳбарикунанда;
  • таҷрибаи идоракунии даста ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ;
  • донистани маҳсулоти бонкӣ, равандҳои бонкӣ ва талаботи Бонки миллии Тоҷикистон;
  • малакаи гузаронидани музокирот, рушди пойгоҳи мизоҷон ва барқарор намудани муносибатҳои дарозмуддати шарикӣ;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ ҳисобида мешавад);
  • омодагӣ ба фаъолият дар шаҳри Бохтар;
  • донистани хуби барномаҳои MS Office.

Preferred Skills

  • таҷрибаи роҳбарӣ ба филиал ё маркази хизматрасонии бонкӣ;
  • таҷрибаи муваффақ дар рушди фурӯши маҳсулоти бонкӣ;
  • донистани воситаҳои муосири таҳлили самаранокӣ ва идоракунии нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ;
  • таҷрибаи татбиқи лоиҳаҳо оид ба рушди шабака ё беҳтарсозии равандҳои тиҷоратӣ.

We Offer

  • музди меҳнати рақобатпазир;
  • имкониятҳои рушди касбӣ ва пешрафти мансабӣ;
  • дастаи дӯстона ва имконияти рушд ҳамроҳ бо ширкат;
  • кафетерияи имтиёзҳо ва тимбилдингҳои гуногун.

About the Company

Барои баррасӣ танҳо номзадоне қабул карда мешаванд, ки резюме ирсол намуда, аз санҷишҳо гузаштаанд.

Барори кор!

Application Request

Related Positions

  • Cleanliness Staff

    We are looking for someone to maintain cleanliness, order, and a pleasant environment in our offices. 🧚‍♀️Хоруғ

  • Logistics Department Manager

    We are seeking a manager to oversee the work of couriers and logisticians.Душанбе

  • Security Services Employee - Administrator

    Our sincere team needs a reliable, friendly, and knowledgeable specialist in security services who can also perform administrative tasks.Б. Ғафуров

© Alif. This job description was sourced from the employer's public career page. TheJob is not the employer — we index the posting and route candidates to the source. All content rights and hiring decisions belong to the employer.

«Алиф Сармоя» была основана в 2014 году как микрокредитная организация.Несмотря на все риски, учитывая неподготовленность банковского сектора и общества в целом, «Алиф Сармоя» внедрила новый продукт «Бефоиз — 0%» и начала совершенствовать его. Востребованность данного продукта позволила развиваться быстрыми темпами. Доказательством этого является тот факт, что за 4 года работы «Алиф» увеличил количество своих сотрудников в 30 раз. На данный момент в «Алиф»-е насчитывается более 130 человек, а в 2014 начинали только 3 человека.Каждый сотрудник в «Алиф Сармоя» разделяет десять ценностей, на основе которых и построена культура «Алиф»-а. Каждые3-6месяцев для определения соответствия между работой и ценностями проводится оценка сотрудника. Каждый сотрудник оценивается своим непосредственным руководителем и информацией изAlif.HR. Оценка также помогает коллегам расти как в личностном, так и в профессиональном плане вместе с «Алиф Сармоя».

More at Alif

All 27 roles

Popular searches